Баъди боридани барфи ғайриинтизор дар мавсими гулшукуфти дарахтон дар вилояти Суғд ҳукумати вилоят ба дудмонӣ ва аз сармо наҷот додани дарахтону боғот пардохтааст.
Гармиҳои аввалҳои моҳи феврал сабаби муғчабандии бармаҳалтари дарахтон дар минтақаҳои нисбатан гармтари вилоят, аз ҷумла Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулову Спитамен гардидаст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳам дар чанде аз ин думониҳо ширкат кардааст. Дафтари матбуоти вилояти Суғд мегӯяд, "барои пешгирии таъсири ҳавои сард ба дарахтони мевадиҳанда гуруҳи корӣ таъсис ёфта, дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимёвӣ ва дудмонӣ анҷом дода шуда истодааст".