Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ҳафтаи равон дар қаламрави кишвар номусоид шудани обуҳаво дар назар аст.
Ба ин тариқ, рӯзҳои 18-20 апрел дар чанде аз ноҳияҳи тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон пурзӯр шудани суръати шамол то 15-20 м/сония пешбинӣ шудааст.
Дар ин рӯзҳо дар як қатор навоҳии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ ба амал омадани тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.
Рӯзҳои 19-20 апрел дар қаламрави ноҳияҳои тобеи марказ, дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ борон, раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад.
Тағйирёбии вазъи обуҳаво имкони фаромандани селу сангреза, тармаву ярч ва барфтӯдаҳоро зиёд мекунанд.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулдода аз аҳолӣ дархост мекунад, ки мувофиқи имкон дар ин рӯзҳо аз сафар тариқи ағбаву роҳҳои кӯҳӣ, сайру саёҳат ба кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, занбурӯғу дигар растании кӯҳӣ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Кумита тавсия медиҳад, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар назди обанборҳо қарор надошта, ба чаронидани чорво дар ин рӯзҳо машғул нашаванд.
Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки ҳамроҳи худ ҳатман доштани воситаҳои алоқа (телефони мобилӣ) бо таҷҳизоти ғизодиҳии он (зарядник), дорувории лозимаи тиббӣ ва таҷҳизоти рӯшноидиҳанда зарур аст.
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолии муқими доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистонӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳо диққат диҳанд. Хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.
Дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда шаҳрвандон тариқи телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат карда метавонанд.