Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд. Онҳо назди дарё бе назорати калонсолон гузошта шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
“Бо вуҷуди чандин маротиба огоҳӣ ва тавсияҳои Кумита бобати назорати кӯдакон, бахусус назди дарёву кӯл ва обанборҳо, бархе аз шаҳрвандон ба онҳо хунукназарона рафтор менамоянд ва ин оқибат ба фоҷеаҳо боис мегардад”, – зикр мекунанд дар КҲФ.
Ба ин тариқ тибқи маълумоти манбаъ, субҳи 2 май ба навбатдори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон хабар расидааст, ки дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдат сокини 10-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми таҷлили Иди Рамазон (идгардак) ба дарёи Вахш афтодааст.
“Ӯ аз дарё об нӯшиданӣ шуда, ба дарё меафтад ва маҷрои тези он зуд ӯро бо худ мебарад. Имдодгарони Раёсат то шом ҷасади ӯро ҷустуҷӯ карда, лекин дарёфт накарданд ва ҷустуҷӯи ҷасад то ҳол идома дорад”, – гуфт манбаъ.
Зикр шуд, ки ҳодисаи дуюм дар шаҳри Ҳисор рух дода, сокинони 6 ва 7-солаи ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор, ки дар хонаи бобояшон дар деҳаи Деҳқонобод дар меҳманӣ буданду аз болои Канали Калони Ҳисор тариқи қубур гузаштанӣ шуданд, аз болои он ба дарё меафтанд.
“Сокини маҳаллӣ Саид Бегов писарчаи 7-соларо наҷот дода, мутаассифона додари 6-солаи ӯ ғарқ мешавад ва ҷасадашро ҳоло наёфтаанд”, – илова карданд дар Кумита.