Дар пайи боронҳои шадад ва омадани сел дар ду рӯзи охир, бархе заминҳои наздиҳавлигии сокинон зери об монда, баъзе шоҳроҳҳо муваққатан баста шудааст.
Аз ҷумла, дар наворе ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба “Азия-Плюс” ирсол карданд, дида мешавад, ки бар асари боришоти шадиди борон шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷ зери сел мондааст.
Ҳамчунин, шоми дирӯз, телеграм-канали “Спутник Тоҷикистон” бо такя ба КҲФ иттилоъ дод, ки дар натиҷаи омадани сел дар дар километри 448-уми роҳи мошингард дар ҳудуди ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ наҷотдиҳандагон барои рафъи оқибатҳои офати табии роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ муваққатан бастаанд.
Дар наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, дида мешавад, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб низ сел омадааст. Тибқи иттилои Радиои “Озодӣ рӯзи гузашта об ба заминҳои наздиҳавлигии 30 оилаи минтақаи Кӯлоб осеб расондааст.
Ҳамчунин, хабарҳо аз омадани сел дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Суғд ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.
ино ба як видое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дар деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор 130 гӯсфанд бар асари борону селобаи рӯзи 4-уми май талаф шудаанд. То ҳол ҷузъиёти чӣ гуна талаф шудани ин саршумори зиёди чорво маълум нест.
То ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар робита ба ин ҳодисаҳо иттилои расмӣ надодааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки офати табии ду рӯзи охир дар кишвар талафоти ҷонӣ дар пай дорад ё не.
Ин ниҳод танҳо гуфтааст, ки “дар ин рӯзҳо кормандони он якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳифзи соҳилҳо ва тоза кардани каналҳо дар қитъаҳои хавфноки обанборҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида истодаанд”.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 6 май дар ҷумҳурӣ чунин ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва боронҳои шадид хавфи омадани селҳои харобиоварро зиёд мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар моҳи апрели соли равон низ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши хок дар чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароиву сангреза ба қайд гирифта шуда, барои чанд муддат роҳҳо баста ва зироатҳоибархе сокинон зарар расид.
Аз ҷумла, бар пайи боронбориҳои бегоҳии рӯзи 23-юми апрел дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шуд.
Сел ҳамчунин чанд муддат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакентро мутаваққиф сохта буд.
Ёдовар мешавем, ки чандин сол аст, маҳз дар моҳи май дар пайи боришоти зиёди борон омадани сел ба назар мерасад, ки дар натиҷа, ба аҳолӣ зарари ҷонию молӣ мерасад.