spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳалокати ҷавоне дар “трансформатор”. Шоҳидон: аз “облава” мегурехт, мақомот рад мекунанд

Дар Душанбе як ҷавон бар асари зарбаи нерӯи барқ ​​ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ӯ аз “облава” ё сарбозшикор фирор карда, мехост дар “трансформатор” пинҳон шавад. Мақомот далели "облава"-ро рад мекунанд ва мегӯянд, ки сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Ҳодиса пас аз зуҳри рӯзи 12 май,  дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар маҳаллаи маъруф ба “Водонассос” рух додааст. Хабарнигорони «Азия-Плюс» ба маҳалли ҳодиса рафтанд, то бифаҳманд, ки воқеан дар он ҷо чӣ ҳодиса рух дод. Мо аввал ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардем.

Аз ВКД ба «Азия-Плюс» хабари марги як ҷавон рӯзи 12 май дар кӯчаи Варзоби ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҷиҳати муайян кардани шахсияти марҳум ва сабабҳои ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

– “Синну соли ин нафар тахминан 30-35 сола аст. Ӯ бар асари зарбаи нерӯи барқ ​​ба ҳалокат расидааст. Аммо маълум нест, ки чӣ тавр. Маълум нест, ки чаро ба назди “трансформатор”-ҳо рафтастааст. Ҷасади ӯро дар кӯча пайдо карданд. Вай синну соли даъват ба артиш нест. Ин ҳодисаро ҳамчун “облава” тобиш медиҳанд, ягон асоси воқеӣ надорад. Ҳуввияти ин ҷавон таҳқиқ мешавад”, – гуфт сухангӯи ВКД Нусратулло Маҳмудзода.

Дар ҳамин ҳол, Умед Завқиев, нозири минтақавӣ, ки ҳодиса дар он ҷой рух додааст, ба «Азия-Плюс» гуфт, ба онҳо муяссар гардид, ки ҳуввияти марҳумро муайян кунанд: «Номи ӯ Шӯҳрат аст. Ӯ сокини 35-солаи деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб аст».

«Шуҳрат аз Чағатай зиндаю саломат аст».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз ин хабарнигорони “Азия-Плюс” барои дарёфти хонаводаи марҳум ба рустои Чағатай рафтанд, то дар бораи ӯ бештар маълумот пайдо кунанд. Аммо тавре маълум шуд, Шӯҳрати 35-сола дар деҳаи Чағатай зиндагӣ намекунад.

Хабарнигорон аз сокинони ин деҳа пурсон шуданд, ки оё дирӯз ё имрӯз дар Чағатай маросими дафн баргузор шудааст?

Сокинон гуфтанд, маросими дафн набуд ва “Шуҳрати 35-солаеро, ки шумо дар борааш мепурсед, намешиносем”.

“Дар деҳаҳои Чағатай, Аракчин ва Чормағзакон, ки ба ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб дохил мешаванд, имрӯз маросими дафн баргузор нашудааст ва Шуҳрати 35-сола, ки шумо дар борааш мегӯед, дар Чағатай зиндагӣ намекунад. Дар ин деҳа дигарон низ Шӯҳрат ном доранд, аммо сину солашон назар ба нафаре ки меҷӯед калонтар ва ҳамаашон зиндаву саломатанд», – гуфт ба «Азия Плюс» Ҷамшед Мирзоаминов, сармутахассиси ҷамоати деҳоти Чорбоғ.

Мирзоаминов ба Шӯҳрат ном шиносаш, ки дар Чағатай зиндагӣ мекунад, занг зад ва ӯ дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки зиндаву саломат аст ва аз ин ҳодиса низ хабар дорад, ба ин ҳодиса рабте надорад.

Шоҳидон чӣ мегӯянд?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Андешаҳои шоҳидон дар бораи ҳодиса гуногунанд. Бархе мегӯянд, дидаанд, ки чӣ гуна як ҷавон аз нафароне, ки мехостанд, ӯро “облава” кунанд, пинҳон шудан мехост. Дигарон мегӯянд, ки ӯ чӯпон буд ё “бомж”, ки мехост паси “трансформатор” қазои ҳоҷат кунад, вале бар асари зарбаи нерӯи барқ ба ҳалокат расид. 

Як зане, ки дар бозор дар паҳлӯи “трансформатор” савдо мекард, дар суҳбат бо мо гуфт, нисфирӯзии дирӯз як ҷавонеро дид, ки дар дохили “трансформатор” мехост пинҳон шавад.

«Ман то ҳол аз ҳодисаи дирӯза дар “шок” ҳастам. Дар бозор маводи ғизоӣ мехаридам ва дидам, ки чӣ гуна як ҷавони зоҳиран донишҷӯй аз “сарбозшикор” гурехта ба қуттии “трансформатор”, ки дараш кушода буд, мехост дарояд. Дар натиҷа, ӯро нерӯи барқ зарба​​​​ зад ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зуд қаламравро муҳосира карданд ва нагузоштанд, ки касе наздик шавад», – гуфт ӯ.

Ин “версия”-и ҳодисаро дигар шоҳидон ва чанд фурӯшандаи бозор низ тасдиқ карданд.

"Дар Душанбе “облава” нест"

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, намояндагони бозор дар суҳбат бо «Азия-Плюс» далели “облава” – ро комилан рад карда, гуфтанд, ки онҳо наметавонанд сабти назорати видеоиро пешниҳод кунанд, зеро кормандони ҳифзи ҳуқуқ пойгоҳҳои назорати видеоиро аз онҳо гирифтаанд.

«Ҳама мегӯянд, ки ин “облава” буд, аммо ин тавр нест. Охир, дар Душанбе “облава” нест, зеро нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ иҷро шудааст. Ӯ маст буд ва мехост дар назди трансформатор пешоб кунад, вале дар натиҷаи зарбаи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳол сабтҳои видеоии назоратиро барои тафтиш бурданд», – гуфт директори бозор Илҳом Тағоев.

Намояндаи дигари бозор, ки худро муаррифӣ накард, гуфт, баробари рух додани ин ҳодиса, “ду зани иғвогар ба наворбардории ҳодисаи рухдода шурӯъ карданд ва мехостанд нишон диҳанд, ки ин ҳодиса бар асари “облава”рух додааст. Дарҳол кормандони интизомӣ онҳоро  аз ҷои ҳодиса дур карда, телефони онҳоро гирифта, онҳоро бо худ бурданд».

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он саҳнае дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон наворбардорӣ шуда буд, ки нафарони ношинос мехостанд донишҷӯёнро фавран пас аз имтиҳони давлатӣ ба артиш баранд. Аммо донишҷӯдухтарон ба онҳо монеъ шуданд.

Масъулини муассисаи таълимӣ дар сӯҳбат бо «Азия-Плюс» далели “облава”-ро қотеъона рад карданд.

Мақомот ҳамеша мавориди “облава”-ро рад мекунанд ва эълом мекунанд, ки агар ҷавонон пас аз гирифтани даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад онҳоро иҷборӣ биёрад.

То имрӯз нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба иттилои вазорати дифоъ, дар кишвар 70% иҷро шудааст.

Дар Тоҷикистон ду маротиба – дар фасли баҳор ва тирамоҳ шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Маҳз дар ҳамин давра расонаҳо дар бораи даҳҳо ҳодисаи ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат хабар нашр мекунанд. Мақомот ҳамеша ин хабарро рад ва афзоиши шумори ихтиёриён ба хидмати ҳарбӣ эълон мекунанд.

+

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...