spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВКХ Русия: баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ба таҳримҳо алайҳи Русия бипайванданд

Бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ возеҳу аён мегӯянд, омода нестанд ба таваккал даст зананд ва метавонанд ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бипайванданд. Дар ин бора имрӯз, 16 май, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин дар Конфронси III Клуби мубоҳисавии «Валдай» дар Осиёи Марказӣ изҳори назар кард, хабар медиҳад ТАСС.

«Бо вуҷуди мувофиқати мавқеъҳо дар мавриди ғайриқобили қабул ва ғайриқонунӣ будани маҳдудиятҳои якҷонибаи иқтисодӣ, як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вуҷуди ин намехоҳанд, ки хавфҳои дахлдорро ба дӯш гиранд, онҳо возеҳ нишон медиҳанд, ки омодаанд чораҳои маҳдудкунандаи Ғарбро риоя кунанд», – гуфтааст муовини вазир.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ мушаххас нагуфтааст, ки кадом кишварҳои минтақаро дар назар дорад.

Ба гуфтаи Галузин, Русия ба касе  роҳ нишон намедиҳад (дикта намекунад), ки кадом самти сиёсии берунӣ ва дохилиро бояд пеш гирифт, “вақте ки ин ба уҳдадориҳои тарафайн, аз ҷумла дар доираи СААД, ИИАО (ЕАЭС) ва ИДМ мухолифат намекунад”.

“Мо итминон дорем, ки дар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ инро хуб мебинанд ва дарк мекунанд: тахриби сунъии равобит бо Русия метавонад хисороти ҷиддитар аз хароҷоти таҳримҳои дуввумдараҷаи маъруфро ба бор орад”, – илова намуд ӯ.

Муовини вазир таъкид кард, ки Русия тасмим гирифтааст, муносибатҳои шарикии стратегиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста таҳким бахшад.

Конфронси Валдай дар мавзӯи “Русия ва Осиёи Марказӣ: Иртибот бо ҷаҳони тағйирёбанда” рӯзҳои 16 ва 17 май дар Донишгоҳи давлатии Томск баргузор мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...