Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сарвазири Толибон иваз шуд. Нахуствазири пешин бемор будааст - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сарвазири Толибон иваз шуд. Нахуствазири пешин бемор будааст

30
30

Муҳаммад Абдулкабир, яке аз масъулини баландрутбаи Толибон*, ки то имрӯз ба ҳайси муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати сарпарасти ин гуруҳ дар Афғонистон фаъолият дошт, нахуствазир таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадҳасан Охундро иваз кард. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба бахши форсии BBC иттилоъ додааст.

Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, “Муҳаммадҳасан Охунд дар рухсатӣ ба Қандаҳор рафт ва ба иллати беморӣ хост каме истироҳат кунад”.

Расонаҳои маҳаллии Афғонистон қаблан хабар доданд, ки Муҳаммадҳасан Охунд ба далели бемории қалб дар бемористон табобат мегирад.

Забеҳулло Муҷоҳид низ таъйид кардааст, ки сабаби “истеъфои муваққат”-и Муҳаммадҳасан Охунд беморӣ аст.

Муҳаммад Абдулкабир кист?

Дар давраи аввали ҳукмронии Толибон ӯ муовини дуюми Шӯрои вазирон, волии Нангарҳор ва раиси минтақаи шарқии Толибон буд. Мисли бисёре аз раҳбарони Толибон, ӯ дар феҳристи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад ва ба тарҳрезии чандин ҳамлаҳои хунини ин гурӯҳ дар 20 соли охир муттаҳам мешавад. Ӯ яке аз масъулини аршади ҳайати музокиракунандаи Толибон бо ИМА дар шаҳри Давҳа буд. Баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар тобистони соли 2021, ӯ муовини сиёсии сарвазир таъин гардид.

Зикр бояд кард, ки Муҳаммадҳасан Охунд чанде пеш бо Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии давлати Қатар дар Қандаҳор, на пойтахт – Кобул, мулоқот кард.

Баъди ин мулоқот гуфтугузорҳо дар хусуси интиқоли эҳтимолии пойтахт аз Кобул ба Қандаҳор афзоиш ёфт. Маврид ба зикр аст, ки Ҳайбатуллоҳ Охунзода, роҳбари Толибон ва дафтари ӯ дар Қандаҳор мустақар аст ва бисёре аз ҳайатҳои хориҷӣ маҳз ба ин шаҳр сафар мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...