Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
“Дурӯғ ва туҳмат аст”. ВКД иддаои тамаъҷӯии $30 ҳазор ва дастдарозӣ ба номус аз ҷониби муфаттишро шарҳ дод - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Дурӯғ ва туҳмат аст”. ВКД иддаои тамаъҷӯии $30 ҳазор ва дастдарозӣ ба номус аз ҷониби муфаттишро шарҳ дод

53
53

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, иддаои Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд, ки даъво дорад, як муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии шаҳр аз ӯ 30 ҳазор доллар хоста, ба номусаш дастдарозӣ кардааст, “комилан дурӯғ буда, ин зан бе ягон далел ба подполковники милитсия туҳмат задааст”.

Ин ниҳод бо нашри раддия дар сомонааш навишт, ки “Давлатова Шаҳло Шералиевна ба хотири худро ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардан, бе ягон далел ба подполковники милитсия Шодизода Д. тӯҳмат намудааст”.

ВКД гуфтааст, Шаҳло Давлатоваи 35-сола соли 2016 барои авбошӣ (моддаи 237 қисми 2 банди “в”) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, баъдан тибқи қонуни авф аз ҷавобгарӣ озод гардид.

Ин ниҳод, ҳамчунин номбурдаро ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, инчунин адолати судӣ ва ҷиноятҳои ба ҷамъият хавфнок айбдор кардааст.

“Давлатова Ш. дар давоми солҳои 2017-2022 ба соҳибкории ғайриқонунӣ, яъне татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) машғул гардидааст… аз ҳисоби шаҳрвандон ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ даромад ба даст оварда, ба манфиати давлат ва шаҳрвандвандон зарари махсусан калон расонидааст”, – омадааст дар хабарномаи ВКД.

Ин ниҳод мисол овардааст, ки Давлатова аз соли 2017 то соли 2022 ба 8 шаҳрванд бо фоизҳои муайян қарз дода, бо татбиқи фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ ба миқдори махсусан калон ба маблағи умумии беш аз 349 ҳазор сомонӣ даромад ба даст овардааст.

Ҳамин тариқ, ба иттилои ин ниҳод, нисбати номбурда барои соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2 банди ‘б”), вайрон намудани дахлнопазирии манзил (моддаи 147 қисми 1), муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ (моддаи 286 қисми 2) ва монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ (моддаи 345 қисми 2) парванда боз шуда, бо ҳукми додгоҳ 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

“Бо назардошти кудаки хурдсол доштанаш иҷрои ҳукми суд айни замон ба таъхир афтод”, – гуфтааст ВКД.

Ин ниҳод ҳамчунин, зикр кардааст, ки “номбурда ба ҷойи он, ки худро ислоҳ намуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шавад, номи пуршарафи модарро доғдор намуда, бо суханони қабеҳ ва алфози пур аз дашному ҳақорат ба таҳқиру таҳдиди шаҳрвандон машғул аст”.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, Радиои Озодӣ бо такя ба иддаои Шаҳло Давлатова, ки дар робита ба муомилоти ғайриқонунии асъор таҳти тафтишот қарор дорад, навишт, ки муфаттиш Дилмурод Шодизода бар ивази боздоштани парвандааш аз иин зан 30 ҳазор доллар пора талаб карда, ба номусаш “дастдарозӣ” кардааст.

Вале муфаттиш Дилмурод Шодизода дар суҳбати телефонӣ таҳқиқи парвандаро тасдиқ карда, иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва дастдарозиро беасос донистааст.

Қаблан, Нусратулло Муҳаммадзода, сухангӯи ВКД дар робита ба иддаои Шаҳло Давлатова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки  танҳо пас аз муроҷиати расмии шаҳрванд таҳқиқро оғоз мекунад ва мақомот наметавонад, ки дар асоси овоза ё нашри муроҷиатнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО тафтишотро оғоз кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар асоси моддаи 140-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “иттилоот дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи интернет” ҳамчун яке аз сабабҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ шуда метавонад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...