spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Ӯ қурбон шуд”. То ҳол фармоишгари қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ номаълум боқӣ мемонад

23 сол қабл, 20-уми майи соли 2000-ум Сайф Раҳимзоди Афардӣ, нависанда, коргардон ва раиси вақти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар даромадгоҳи хонааш кушта шуд.

Ҳарчанд, пас аз се соли воқеа, Додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳим Қаландарови 28-соларо дар куштори Сайф Раҳимзоди Афардӣ гунаҳкор дониста, ба қатл маҳкум кард, аммо бо гузашти беш аз 20 сол, омили куштор ва фармоишгари он маълум нашудааст.

Сайф Раҳимзодро шаби 20-уми майи соли 2000-ум, вақте аз кор ба хона бармегашт, дар назди даромадгоҳи хонааш парониданд. Қотил ба ҷисми ӯ се тир холӣ кард ва Сайф Раҳимзод дар бемористон ҷон дод.

Қатли нависанда ва коргардони шинохта, ҳамчунин раиси онвақтаи Кумитаи радио ва телевизион боиси сару садои зиёд дар ҷомеа гашт. Он замон, гуфта мешуд, ки таҳқиқи парванда зери назари сарвари давлат ҷараён дорад.

Бо гузашти чанде, гумонбар ба қатл дастгир гардид ва ӯ Раҳим Қаландарови 28-сола буд. Бо гузашти се сол аз ҳодиса, 17-уми январи соли 2003, Додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳим Қаландаровро дар қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ гунаҳкор ҳисобида, ба марг маҳкум намуд. Маҳкумшуда дар мурофиаи судӣ гуноҳро эътироф накарда, дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки “ӯ Сайф Раҳимзодро накуштааст”. Ин сухани маҳкумшуда шакку гумонҳоро дар бораи фармоишгари куштор бештар кард.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ

Кӣ фармони кушторро дод?

Кӣ дастури куштори Сайф Раҳимзоди Афардиро дод ва чаро, то ҳол маълум нест? Ягона шоҳиди ҳодиса, ронандаи Сайф Раҳимзод, ки қотилро шинохта карда буд, ба таври мармуз аз ошёнаи 4-уми бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон худро ба замин афканд ва ҷон дод.

Мақомоти расмии тафтишотии Тоҷикистон пас аз маҳкум намудани Раҳим Қаландаров дигар дар хусуси фармоишгари ин куштор маълумоти иловагӣ ироа накарданд.

Баъди даҳ соли ҳодиса, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “ин парванда пӯшида шудааст”.

Орзу Исоев, рӯзноманигори собиқи телевизиони “Сафина”, ки ба таҳқиқи марги Сайф Раҳимзоди Афардӣ даст зада буд, ба ин расона гуфтааст, ки “ба иттилои расман пешниҳодшуда, чизи наверо ошкор карда натавонист”.

“Ҳодиса ҳамчунон печидаву сардаргум буд, ки маълум шуд, фармоишгари куштори Сайф Раҳими Афардӣ то ҳанӯз рӯшан нест, зинда асту куҷое ҳаст”, – гуфта буд ӯ.

Пайвандони Сайф Раҳимзод ҳам ғайр аз маълумоти мақомот, дигар ҳеҷ иттилои наве пешниҳод накарданд.

Писараш Қудрат Афардӣ ва ҳамсараш Зебо Афардӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки “фармоишгари қатлро ба Худо супурдаанд”.

Имрӯз низ аксари нафароне, ки Сайф Раҳимзоди Афардиро мешинохтанд наметавонанд бештар аз маълумоти мақомот чизе гӯянд. Ҳеҷ кас наметавонад гӯяд, ки ӯ барои чӣ кушта шуд, аммо ҳама бо эътимод таъкид мекунанд: “Ӯ қурбон шуд”.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо оилааш

Замони номувофиқ

Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистон аз охирин мулоқоти худ бо Сайф Раҳимзод ёд оварда, чанд сол пеш дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “қатли Сайф қурбон кардани як истеъдод буд”.

Воқеан, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва то чанд соли баъди он даҳҳо нафар шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ба таври фоҷеавӣ кушта шуданд ва дар бештар ҳолат, омили куштор ва фармоишгарони он номаълум монданд.

Гулназар Келдӣ

Аз ҷумла, табибони шинохта Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, рӯзноманигор Муҳиддин Олимпур ва боз даҳҳои дигар. Аксари инҳо нафарони дур аз сиёсат буданд ва то ҳол норӯшан аст, ки барои чӣ кушта шуданд.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ низ нафаре аз сиёсат дур буд. Ӯ дар бозиҳои пасипардагии ҳокимон пайваст набуд. Ҳарчанд аз соли 1997 то 2000-ум Кумитаи радио ва телевизионро роҳбарӣ кард, аммо дар ин маснад ҳам бештар ба касбияти хеш такя мекард ва аз сиёсат дурӣ меҷуст.

Раҳмон Мирализода, ки дар замони раҳбарии Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар Кумитаи радио ва телевизион кор мекард, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ботил аст, ки марги ӯ бо фаъолияти давлатиаш рабт дошта бошад.

“Ӯ кореро мекард, ки ҳар роҳбар мекард. Ҳамон кореро, ки дар радиову телевизион мекунанд”, – зикр кардааст Мирализода.

Нависандаву коргардони боистеъдод, на сиёсатмадор

Сайф Раҳимзоди Афардӣ қабл аз он ки раиси Кумитаи радио ва телевизион бошад, пеш аз ҳама коргардон ва нависандаи боистеъдод буд. Ба қалами ӯ даҳҳо асари бадеӣ, аз ҷумла маҷмӯаи ҳикояҳои “Ситораҳои сари танӯр” ва “Аз ёдҳо, азёдҳо” тааллуқ дорад. Адабиётшиносон имрӯз аз Сайф Раҳимзод чун нависандае бо сабку услуби хос ёд мекунанд.

Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, Сайф Раҳимзод намояндаи насли нави нависандагони тоҷик аст, ки солҳои 1980-ум ба миён омаданд ва ба адабиёти тоҷик дигаргуниҳои зиёд ворид карданд.

“Услуб, забон, тарзи баёни ӯ фарқкунанда аст. Дар эҷодиёти Сайф Раҳимзод равияҳои модернизм, символизм, реализм мушоҳида шавад ҳам, ба осонӣ метавон дарк кард, ки сабку услуби ӯ аз дигарон фарқ мекунад. Аз нахустин қиссаи “Ситораҳои сари танӯр” маълум мешавад, ки ӯ услуби хоси худро дорад”, – гуфт Равшан Махсумзод.

Ба андешаи Махсумзод, образҳои тасвиркардаи Сайф Раҳимзод самимият, меҳру муҳаббати мардуми тоҷикро ба таври барҷаста тасвир намудааст.

Равшан Махсумзод

Гулназар Келдӣ гуфта буд, ки ҳарчанд Сайф Раҳимзод бештар ба наср таваҷҷуҳ дошт, аммо дар ҳикояву қиссаҳояш воқеаву ҳодисаҳоро шоирона тасвир менамуд, зеро тафаккури шоирона дошт. Аз хондани эҷодиёти ӯ кас хаста намешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Сайф Раҳимзод дар баробари нависандаи моҳир будан, инчунин ба филмофарӣ низ таваҷҷуҳи дошт ва дар бахши синамо низ нақши мондагори худро гузоштааст. Филми “Ситораҳои сари танӯр”, ки дар асоси қиссаи ҳамноми эҷодкардааш ба навор гирифтааст, маҳорати хуби филмофарии Сайф Раҳимзодро ошкор намуд. Ин филм имрӯз ҳам тамошобинони худро дошта, байни мардум шуҳрат дорад.

Тарҷумаи ҳол

Сайф Раҳимзоди Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) 20-уми ноябри 1953 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна як муддат дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб (1969—1970) фаъолият кардааст. Соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1974-1981 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, муддати як  сол дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият намудааст. Солҳои 1983-1987 ҳамчун мухбир, баъдан мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи “Тоҷикистони советӣ” кор карда, аз соли 1989 то соли 1995 дар “Тоҷиккино” ҳамчун коргардони синамо, коргардон-таҳиягар ва аз соли 1995 то соли 1997 ҳамчун раиси киновидеокомпанияи миллии “Тоҷик­кино” фаъолият кардааст. Аз августи 1997 то соли 2000 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Асарҳои эҷодкардааш “Гунҷишки сафед”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Аз ёдҳо, аз ёдҳо”, “Дурӯғи сафед”, “Васвасаҳои Зикравайҳ”(Таронаҳои хоки париён), “Падруду пайғом”, “Доғҳои Офтоб” мебошанд, ки дастраси хонандагон шудаанд.

Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод “Ситораҳои сари танӯр”, “Ҳарф бизан, поизам”, “Пете”, “Чоре” мебошанд.

Сайф Раҳимзод соли 1995 Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро гирифт. Пас аз вафоташ соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...