Дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1-ум аллакай охири ҳамин ҳафта, 25-уми май, соли хонишро ба итмом расонида, ба таътили тобистона мебароянд. Дигарон каме бештар таҳсил мекунанд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Тоҷористон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, хонандагони синфҳои 2 то 11-ум то рӯзи 1-уми июн таҳсил мекунанд ва баъдан, ба таътили тобистона мебароянд.
Ба таъкиди масъулини Вазорати маориф ва илм яке аз нуктаҳои муҳими раванди таълим аттестатсияи хонандагон мебошад. Яъне санҷиш барои аз синф ба синфи дигар гузаштан.
Мӯҳлати аттестатсия барои хонандагони синфҳои 4 – 8 ва 10 – и шакли рӯзонаи муассисаҳои таълимӣ аз 3 то 10-уми июн муқаррар шудааст. Хатмкунандагони синфҳои 9 бошанд, аз 3 то 15 – уми июн аз аттестатсия мегузаранд. Хатмкунандагони синфҳои 11 аз 3 то 20-уми июн санҷиш месупоранд.
Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки имсол ҳам мисли солҳои пештар маросими “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон баргузор намегардад.
Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил дониста мешуд ва то соли 2009 хатмкунандаҳо онро бо баргузор кардани “Занги охир” ё “Занги камолот” таҷлил менамуданд.
Пас аз манъи таҷлили “Занги охир”, 24 – уми майи соли 2016 Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш дар мактабҳо манъ карда шавад.