spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Заминларзаи мудҳиш дар Туркия


Шумори ҳалокшудагон бар асари заминларзаи мудҳиш, ки дар қисмати ҷанубу шарқии Туркия, дар музофоти Ван рух дод, метавонад ҳудуди ҳазор нафарро ташкил диҳад, – хабар додааст дар нишасти хабарӣ роҳбари обсерваторияи зилзиласанҷии донишгоҳи Босфор Мустафо Эрдик.

Хабаргузории РИА «Новости» менависад, қувваи заинларза ба 7,2 балл баробар будааст.

Вазири тандурустии Туркия Реҷеб Акдаг гуфтааст, хисороти заминларза бузург буда, дар бораи ҳалокшудагну ҷабрдидагон ҳанӯз маълумоти саҳеҳе дар даст надорад.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки ба макони оафтзада ду ҳавопаймо бо кӯмаки башардӯстона фиристода мешаванд. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти мавҷуда то ин дам, шумори ҳалокшудагон 300 тан ва ҷабридагон якчанд ҳазор нафар нишон дода мешавад.

Роҳбари обсерваторияи зилзиласанҷии донишгоҳи Босфор Мустафо Эрдик қаблан изҳор карда буд, ки заминларза 50 манзилҳои истиқоматиро пурра хароб сохта, ба ҳудуди 1 ҳазор бинову иншоот зарари ҷиддӣ расонидааст.

Муовини нахуствазири Туркия Бешир Аталай ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар шаҳри Ван даҳ манзили зист хароб гардида, дар маркази заминларза – музофоти Эрҷиш 25 манзили зист ва хобгоҳи мактаб осеб дидаанд.

Масофаи шаҳри Ван аз маркази заминларза 20 километрро ташкил медиҳад. Коршинсони маҳаллӣ пешбинӣ мекунанд, ки шумори ҳалокшудагон бар асари ин офати табиӣ метавонад аз 500 то ҳазор нафарро ташкил диҳад.

Васоити ахбори умуми маҳаллӣ хотирнишон месозанд, ки соли 1976 низ дар шаҳри Ван ба ин монанд заминларза рух дода, бар асари он 3840 нафар ҳалок шуда буданд.

Шаҳри Ван дар минтақаи ҷанубу шарқии Туркия, дар наздикии марз бо Эрон воқеъ буда, аҳолиаш ҳудуди 320 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...