Дар натиҷаи суқути чархбол дар минтақаи ҷануби Афғонистон 6 тан аз сарбозони Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ҳалокат расиданд, – хабар медиҳад Reuters. Дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани ҳалокшудагон маълумот дода намешавад.
Сабаби садама маълум нест, вале тибқи маълумоти пешакии намояндаи нерӯҳои байнулмилалии эътилофи низомӣ, дар макони ба замин бархӯрдани чархбол аз ҷониби ҷангиён ҳеҷ амали шубҳаоваре ба мушоҳида нарасидааст.
Ҳамчунин дар бораи ба кадом амалиёт машғул будани сарбозони дохили чархбол низ маълумот мавҷуд нест.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи августи соли 2011 бар асари суқути чархбол дар Афғонистон нерӯҳои низомии НАТО талафоти бузург доданд. Он замон дар натиҷаи садама 38 нафар, аз ҷумла 31 нафар сарбозони нерӯҳои таъиноти махсуси ИМА ба ҳалокат расида буданд.
Масъулияти нобуд сохтани чархбол ва ҳалокати низомиёнро ҳаракати «Толибон» ба дӯш гирифт.