Раисҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ, ки ба сари қудрат бо дастгирии Бародарони мусулмон омада буд, 3 июл аз чониби ҳарбиён аз мансаб бартараф карда шуд.
Артиши Миср муввақатан сарқонунро боздошта, раҳбари Суди конститутсиониро мувазаф намуд, ки дар марҳилаи гузариш вазифаи раҳбари давлатро иҷро намояд. Раисҷумҳури сарнагуншуда Муҳмаммад Мурсӣ бо қарори ҳарбиён розӣ нашуда, ҷонибдоронашро даъват намуд, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳанд.
Неруҳои амниятии мисрӣ қарор оид ба ҳабси 300 нафар аъзоёни Ихвонулмуслиминро супориш додаанд, хабар медихад агентии Франс Пресс. Артиш ба буҳрони сиёсии Миср баъди он ки дар кишвар чанд рӯз инҷониб нооромиҳо идома доранд, дахолат намуд. дар натиҷаи ин бетартибиҳои чандрӯза миёни ҷонибдорону мухолифини президент Муҳаммад Мурсӣ 14 нафар ҳалок шуда, садҳо нафар чароҳатдор шудаанд. Эътирозгарон зидди раҳбарии Мурсӣ баромад намуда, ӯро дар услуби идоранамоии авторитарӣ ва кӯшиши исломинамоии кишвар муттахам менамоянд.
Худи Мурсӣ аз ихтиёран тарк намудани қудрат, тавре мухолифин аз ӯ даъват карда буданд, даст кашид. Мувофиқи иттилои ВАО-и мисрӣ, раисҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ аз қудрат сарнагун шуда, ба дафтари кории разведкаи харбӣ оварда шудааст.