Шоми рӯзи якшанбе зимни нишаст ба фурудгоҳи байнулмилалии Қазон ҳавопаймои Boeing 737 500 (ширкати ҳавопаймоии Тотористон) ба замин бархӯрда, ба таркиш дучор шуд. Сӯхтори сарзада дар ҷойи ҳодиса таъҷилан хомӯш гардид.
Бино ба иттилои ВАО-и Русия, дар ҳавопаймо 44 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати техникиву халабонони тайёра қарор доштанд. Тибқи маълумти пешакӣ, дар ҳавопаймо кӯдакон ҳузур надоштаанд.
Хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳад, ки шояд иштибоҳи халабонон ба ин ҳодиса боис шуда бошад. Дар қатори фарзияҳо омили обуҳаво ва ноқисии техникии ҳавопаймо низ номбар мешаванд. Аз Росгидромет хабар додаанд, ки обуҳаво барои чунин навъи ҳавопаймо мусоид будааст.
ИТАР-ТАСС менависад, президенти Русия Владимир Путин ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъҷилан андешидани чораҳои ҷустуҷӯву наҷот ва кӯмак ба осебдидагон супориш додааст. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба вазири нақлиёт Максим Соколов оид ба таъсис ва таҳти раҳбарӣ гирифтани комисиияи таҳқиқи сабабҳои садама дастур додааст.