Рӯзи 16-уми сентябр Украина ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) созишнома дар бораи ҳамгиройиро ба тасвиб расониданд. Дар матни Созишномаи ҳамгиройӣ ҳеҷ тағйироте ворид нашуд.
Дар шарҳи рӯйдоди мазкур сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки Украина кишвари содиқ ба ҳамгиройии аврупоӣ боқӣ монда, тасвиби ин созишнома тавлиди кишвари нави аврупоӣ аст ва баъди ин узвияти Украина ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад.
Ба андешаи ӯ, ин рӯз барои Украина рӯзи таърихист. «Тасвиби созишнома бо ИА хайрбод бо Украинаи пасошӯравӣ буда, ба туфайли истодагарӣ дар мавқеи ҷонибдории Аврупо тайи моҳҳои ахир, мо собит кардем, ки ҳукумати Украина ба ҳар як муқаррароти Созишнома содиқ буда, ба ҳимояти он аз нияти бад аз ҳама гуна ҷониб қодир аст», – иброз дошт сафир.
Никитюк таъкид дошт, ки ислоҳоти аврупоии дар Созишнома пешбинишуда афзалияти рақами 1-и раҳбарияти Украина аст. «Пас аз тасвиб ҳеҷ кадоме аз нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба сиёсати пешгирифтаи аврупоии Украина ҷиҳати ҷорисозии ислоҳот таъсир расонида наметавонанд», – мутмаин аст ӯ.