Қурбониёни тармафароӣ дар вилояти Панҷшери Афғонистон ба 180 нафар расида, эҳтимоли афзудани теъдоди ҳалокшудагон вуҷуд дорад, чунки чанд нафари дигар зери барфтӯдаҳо дармондаанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», баъзе расонаҳо теъдоди фавтидаҳои ин офати табииро ба 200 нафар нисбат дода, сарчашмаҳои дигар дар бораи бар асари тармафароӣ пурра хароб гардидани 100 манзили зист оҷилан гузориш медиҳанд.
Гуфта мешавад, амалиёти ҷустуҷӯйӣ барои дарёфти нопадидшудагон ба таври густурда идома дошта, ба иқрори сокинон, чунин офати табиӣ дар минтақаи онҳо даҳсолаҳо буд, ки рух надодааст.
Зимнан зикр мегардад, ки муддати чанд рӯзест, ки дар баъзе манотиқи ин кишвари ҳамсоя беист барф борида, бар асари офати табиии мушобеҳ дар вилояти Нуристон 14 кас, дар вилояти Парвон 13 тан, дар вилояти Бомиён 4 нафар, дар вилояти Бағлон 3 бошандаи маҳаллӣ ва дар вилояти Тахор бошад, 3 маскуни ин нуқтаи маъмурӣ ба ҳалокат расидаанд.