Аз оғози нооромиҳо дар Сурия 11 ҳазор нафар наврасон ҳалок шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи шабаакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», айни замон вобаста ба нооромиҳо дар Сурия кӯдакону наврасон аз таҳсил маҳрум монда, барои дарёфт кардани воситаҳои ҳаёт ба корҳои ғайр ҷалб карда мешаванд. Аксари кӯдакону наврасон бар асари низоъҳои дохилӣ волидайни худро аз даст дода, барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ оворагардӣ менамоянд.
Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол як гурӯҳ пажӯҳишгарони бритонӣ маълумоте мунташир намуданд, ки тибқи он аз оғози нооромиҳо дар Сурия то ҳол қариб 11 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба ҳалокат расидаанд.
Буҳрони сиёсии Сурия, ки зиёда аз 4 сол боз идома дорад, аз рӯйи тахмини СММ дар пайи худ садҳо ҳазор қурбонӣ дошт. Бино ба маълумоти дафтари СММ оид ба муҳоҷирон 9 млн. 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Сурия, ки 40 дарсади шумораи умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, ба кумакҳои хориҷӣ эҳтиёҷ доранд.