Дар баҳри Миёназамин бар асари ғарқ шудани киштии ҳомили муҳоҷирони ғайриқонунӣ қариб 400 кас ба ҳалокат расид. Дар ин хусус 2 нафар муҳоҷир, ки лаҳзаҳои ғарқ шудани киштиро назорат кардаанд, иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», айни замон сарчашмаҳои дигар ин маълумотро тасдиқ накардаанд. Ба ақидаи коршиносон рӯзҳои охир ба Италия ворид гардидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Шарқи Наздик ба нишондоди рекордӣ расидааст.
Гуфта мешавад, тибқи омор дар давоми 4 шабонарӯзи охир ба ин кишвари аврупоӣ 8 ҳазору 500 нафар муҳоҷирон ворид гардида, Италия аз Иттиҳоди Аврупо даъват намудааст, ки ҳолати ворид гардидани муҳоҷирон ба ин кишвар бояд ба таври муштарак ҳал карда шавад.
Зикр мегардад, ки дар сурати аз амалиёти «Мааре-нострум» гузаштан ба амалиёти «Тритон», аз коҳиши теъдоди чунин рӯйдодҳои фоҷеабор, ки боиси ба ҳалокат расидани муҳоҷирон мегардад, интизорӣ мерафт, вале баръакс, баъди гузаштан ба амалиёти «Тритон» қурбон гардидани муҳоҷирон бештар ба назар мерасад.
Мувофиқи қонуни байналмилалӣ, ҳар шахсе, ки дархости паноҳгоҳ кард, он кишвар ҳуқуқ надорад, ки чунин ашхосро ба кишварҳои дигар таҳвил диҳад. Аз ин рӯ муҳоҷирон дар Италия боқӣ мемонанд. Мувофиқи маълумоти масъулини Италия соли сипаригардида ба ин кишвар 170 ҳазор муҳоҷир ворид гардидааст.