Дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон силоҳбадастони номаълум ба дидбонгоҳи назоратии кормандони мақомоти полис ҳамла карданд.
Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар натиҷа миёни ҳамлагарон ва кормандони сохторҳои қудратӣ даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, 7 тан аз ҳамлагарон маҳв карда шудаанд, ки чанд тан аз террористони зархариди хориҷӣ низ шомили кушташудагон будаанд.
Гуфта мешавад, дар ин набард 6 силоҳбадасти дигар захмӣ шуда, ба сокинони осоишта зарар нарасидааст ва аз кушташудагон ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа ва муҳимоти тарканда дарёфту мусодира гардидааст.
Қобили зикр аст, ки вилояти Бадахшони кишвари ҳамсоя 315 километр дуртар аз қисми шимолу шарқии пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул воқеъ мебошад.