Як гурӯҳи зойирини Арабистони Саудӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Машҳади Эрон заҳролуд гардиданд.
Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин маълумот менависад, бар асари заҳролудшавӣ 4 нафар зойирин ба ҳалокат расида, айни замон 29 тани дигар бистарии беморхона мебошанд.
Гуфта мешавад, кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид доштаанд, ки зойирин аз истеъмоли маводи ғизо заҳролуд шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки тафтишот дар ин самт идома дошта, сабабҳои заҳролудшавии зоирон муайян карда мешаванд.