Тайи як шабонарӯзи ахир дар қаламрави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуввумин ҳодисаи тирпарронӣ дар ибодатгоҳҳо ба қайд гирифта шуд.
Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ин дафъа тирпарронӣ дар яке аз калисоҳои шаҳри Мемфиси штати Теннесси ба вуқӯъ пайваст, то кунун дар бораи талафоти ҷонии ҳодиса ягон маълумот дода намешавад. Гуфта мешавад, ҳангоме ки ибодатгоҳ пур аз одам будааст, ашхоси силоҳбадасти номаълум ба он ворид шуда, ба тирпарронӣ оғоз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки
қабл аз ин
дар штати Королинаи Ҷанубӣ бар асари тирпарронӣ дар назди ибодатгоҳ 9 кас ҷон бохт. Кормандони мақомоти полис бо ҷурми даст доштан дар ин ҳодиса як ҷавони 21-соларо дастгир кардаанд.