Теъдоди фавтидагон бар асари гармӣ дар Покистон аз 2 ҳазор нафар ҳам гузашт. Танҳо давоми чанд рӯзи ахир аз ин офати табиӣ беш аз 860 нафар ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», аз гармои тоқатфарсо бештар сокинони қисми ҷанубии Покистон, аз ҷумла бошандагони калонтарин шаҳри кишвар – Карочи азият мекашанд. Ҳарорати ҳаво дар ин ҷо ба беш аз 45 дараҷа мерасад.
Гуфта мешавад, кормандони маркази ҳавосанҷӣ иттилоъ медиҳанд, ки чунин авзои ҳаво то охири моҳ идома меёбад ва ин дар ҳолест, ки дар беморхонаҳо имкони саривақт расондани кумак ба беморонро надоранд, зеро рахти хоб басандагӣ намекунад.
Зимнан зикр мегардад, ки яке аз омилҳои афзоиши теъдоди фавтидагон қатъ шудани нерӯи барқ арзёбӣ мегардад, зеро дар натиҷаи ҳарорати баланд дастгоҳҳои сардкунанда аз фаъолият бозмонда ва сокинон натавонистаанд, ки аз он истифода кунанд.