Ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба иттиҳоми хиёнат ва итоат накардан ба супоришҳои «халифат» беш аз 80 нафар ҳаммаслаконашонро ба қатл расониданд.
Бино ба иттилои хабаргузории
ИА REGNUM
, маросими қатл дар минтақаи шимолу шарқи Сурия, шаҳрҳои Маёдин ва Дайр-у-Зор сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ба қатл маҳкумшудагон бидуни убури посгоҳҳои гурӯҳи худ ба қаламрави Ироқ ворид шуданӣ будаанд, вале дар марз боздошт ва ба шаҳри Маёдин фиристода шуда, назди суди «шариат» ҷавоб гуфтаанд.
Зикр мегардад, ки дар навбати аввал онҳоро ба худсарона тарк кардани мавқеи ҷангӣ дар шаҳри Палмира айбдор дониста, пас аз ҳукми суд ҳамаи боздоштшудагон ба қатл расонида шудаанд.