Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Иёлоти Муттаҳиддаи Амрико
бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба вилояти Нангарҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зарба заданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар асари ҳамлаи ҳавоӣ 12 нафар аъзои ҳаракати «Толибон» маҳв карда шуд. Ҳамлаи мазкур ба паноҳгоҳи террористон воқеъ дар вулусволии Ачин зада шудааст.
Гуфта мешавад, тайи як ҳафта аст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико ба вилояти Нангарҳор зарба мезананд. Аз ҷумла рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар пайи ҳамлаи мушобеҳ 25 мухолифи мусаллаҳи давлат маҳв карда шуд.