Дар назди парлумони Юнон издиҳоми мардуми гирдомада парчами ҳизби ҳукмронро оташ зада, чапгароён ҳизби ҳукмрони «СИРИЗА»-ро дар хиёнат муттаҳам карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», гирдиҳамомадагон таъкид намуданд, ки сарвазир Алексис Сипрас ваъдаҳои пешазинтихоботии худро халалдор карда, новобаста аз натиҷаи раъйпурсӣ ба талаби қарздиҳандагон розӣ шуд. Вазири мудофиаи Юнон Панос Каменос Берлинро гунаҳкор карда, изҳор дошт, ки ҳангоми ҳамоиш дар шаҳри Брюссел сарвазир зери фишори зиёд қарор гирифт.
Гуфта мешавад, рӯзи 15-уми июл кормандони соҳаи буҷаи Юнон тасмими доир кардани корпартоиро доранд. Ҳоло ҳам маълум нест, ки кай бонкҳо фаъолияти худро оғоз мекунанд, зеро то ба ҳол маҳдудият барои гирифтани маблағ дар банкоматҳо вуҷуд дорад. Акнун барномаи нави маблағгузорӣ ба Юнон дар якчанд ҳафтаи оянда омода мешавад. Дар ин бора роҳбари гурӯҳи Аврупо Йерон Дейселблум таъкид кардааст.
Ҳоло Иттиҳоди Аврупо (ИА) кӯшиш дорад, ки ба Юнон ба хотири пешгирӣ аз муфлисшавӣ кумаки оҷилӣ расонад. Олмон, ки қарздиҳандаи асосии Афина ба ҳисоб меравад, аз қарордоди нав, ки миёни ИА ва ҳукумати Юнон баста шуд, чандон розӣ нашуд. Тибқи назарпурсии охир аз се ду ҳиссаи мардуми Олмон зидди хориҷ кардани Юнон аз ИА мебошанд. Ҳаҷми кумаки молӣ ба Юнон 86 млрд. евроро ташкил медиҳад. Бо ивази кумак Юнонро зарур аст, ки як теъдод ислоҳотро дар кишвар амалӣ намояд.