Дар наздикии пойтахти Ироқ – шаҳри Бағдод миёни нерӯҳои ҳарбии кишвар ва ҷангиёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) даргирии мусаллаҳона бархоста, бар асари задухӯрд 23 нафар ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони Ҷаҳоннамо», дар қисми шимолии шаҳри Фалуҷаи мамламкат бошад, муҳорибаҳои шадид миёни сарбозони Артиши миллии Ироқ ва силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» идома дорад.
Гуфта мешавад, дар ин ҷо ҷангиёни ифротӣ ба муҳосираи сарбозон афтоданд. Ҷангиён баъди ба муҳосира афтодан сокинони маҳаллиро чун сипари зинда истифода карда, ҷойҳои муқаддасро минагузорӣ намуданд. Низомиёни давлатӣ роҳҳои баромади ифротгароёнро аз чор тараф маҳдуд сохтаанд. Ба майдони набард техникаи вазнини ҷангӣ сафарбар карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки тибқи маълумоти расида, дар охирин набардҳо дар қисми шимолии шаҳри Рамоди 27 аъзои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» нобуд карда шудааст.