Олмон минбад барои хориҷ шудани Юнон аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) пофишорӣ нахоҳад кард. Бо чунин изҳорот Канслери Олмон Ангела Меркел дар яке аз шабакаҳои давлатӣ баромад кардааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телеивзиони «Ҷаҳоннамо», дар суҳбат Меркел таъкид намудааст, ки Берлин бо шарикони дигар барои расонидани бастаи сеюми кумак ба Афина дар ҳамкорӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ба андешаи президенти Франсия Франсуа Олланд маҳз ҳамкориҳои Олмону Франсия имкон дод, ки Иттиҳоди Аврупо бори дигар муттаҳидии худро собит созад. Франсуа Олланд пешниҳод дкадааст ки ҳукумати кишварҳои аъзои гардиши евро таъсис дода шуда, сохтори нав бояд дорои буҷаи махсус бошад то, ки дар сурати пеш омадани ҳалли масъалаҳо салоҳияти баррасии онро дошта бошад.