Дар як маросими тӯйи арӯсӣ дар музофоти Бағлони қисми шимолии Афғонистон задухӯрди шадид сурат гирифта, бар асари ин ҳодиса 20 нафар ҳалок ва 10 тани дигар захмӣ гардидаанд.
Бино ба иттилои
Lenta.ru
ҳодиса дар тӯйи писари як муллои маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваста, дар ин маросим ҳудуди
400 нафар
иштирок дошта, фавтидагон ҳама мардон будаанд. Музофоти Бағлон дар 160 километраи шаҳри Кобул воқеъ аст.
Роҳбари пулиси маҳаллӣ гуфтааст, миёни ин ду гурӯҳе, ки дар тирпарронӣ иштирок кардаанд, муддати солҳои зиёде адовату душманӣ ҷой дошта, тирпаронӣ баъди ҳангоми тӯй кушта шудани як хеши пулиси маҳаллӣ оғоз гардидааст.
«Вақте мо ҷасадҳоро аз назар гузаронидем, муайян кардани афроди дар тирпаронӣ дастдошта хеле мушкил буд, зеро дар ҷойи ҳодиса ҳеҷ силоҳе дарёфт нашуд», – гуфтааст корманди пулис.