Дар қисми шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин боришоти зиёди борон обхезии шадидро барангехт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳонннамо», боронрезии шадид дар минтақаҳои кӯҳӣ ба фаромадани ярч боис шуда, бар асари офати табиӣ 40 нафар бедарак гардид.
Гуфта мешавад, айни замон амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ барои дарёфти гумгаштагон идома дорад. Ҳодисаи табиӣ дар шаҳри Шанлои музофоти Шэнси рух додааст.