Бар асари таркиш дар анбори маводҳои моеи шаҳри Тянтсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин 42 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 400 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии АМИТ «Ховар, дар натиҷаи ин таркиши мудҳиш ҳатто то масофаи 2 км тирезаҳои манзилҳои зист шикаста, бештар аз ҳазор нақлиёти гирду атрофи макони ҳодиса зарар дидаанд. Мутахаассисон ва кормандони Хадамоти оташнишонӣ изҳор доштаанд, баъд аз таркиши дар маҷмуъ 3-тонна тротил, дарҳол сӯхтор сар задааст.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёти оташнишонӣ низ дар ин анбор чанд таркиши дигар ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди хомӯш намудани қисми бештари оташ, то ҳанӯз дар бораи 20 корманди Хадамоти оташнишонӣ, ки баъди таркишҳои такрорӣ нопадид гардида буданд, маълумоте дастрас нагардидааст. Масъулини шаҳри Тянтсзин дар мавриди дастгир шудани шахсони масъули анбор хабар додаанд.