Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса, ки ба ҳайати нерӯуҳои байналмилалии эътилоф шомиланд, истеҳкоми силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ»- ро дар шаҳри Раккаи Сурия мавриди ҳамла қарор доданд.
Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар ин ҳамлаҳо як тамрингоҳи террористон мавриди мушакборон қарор гирифт. Оид ба теъдоди қурбониён алҳол ягон маълумоти дақиқ дода нашудааст.
Гуфта мешавад, ки зимни ин ҳамлаҳо аз 10 ҳавопаймои зарбазан истифода шудааст.