Артиши Сурия бо дастгирии ихтиёриёни мардумӣ шаҳри Ар-Рабиаро дар музофоти Латакия таҳти назорат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба гентии миллии Сурия SANA иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, қисмҳои низомии артиш бо дастгирии гурӯҳҳои ихтиёриёни мардумӣ шаҳри Ар-Рабиаро дар музофоти Латакия пас аз нобуд кардани як гурӯҳ террористон ва яроқу аслиҳаи онҳо таҳти назорат гирифтанд.
Ёдрас мешавад, ки дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 ин ҷониб муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта,нерӯҳои ҳукумат бар зидди ҷангиёни гурӯҳҳои ифротгарои гуногун мубориза мебаранд ва миёни ин гурӯҳҳои ифротгаро «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат ан-Нусра» фаъолтаранд.