Вазорати корҳои хориҷии Покистон изҳор доштааст, ки намояндагони Афғонистон, Покистон, Чин ва ИМА масъалаи дубора аз сар гирифтани гуфтушунидҳо миёни Кобули расмӣ ва ҳаракати «Толибон»-ро баррасӣ мекунанд.
Бино ба иттилои васоити ахбори умум, сухангӯи Вазорат Қозӣ Халилуллоҳ дар ин робита қайд кардааст, ки дар вохӯрии рӯзи 6 феврал дар Исломобод таҳияи тарҳи сулҳомези ҳалли қазияи Афғонистон дар назар аст. Ин сеюмин ба ин монанд вохӯриҳост, ки тайи чанд ҳафтаи ахир доир мегардад.
Халилулоҳ гуфтааст, дар доираи роҳандозии ин талошҳо нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба наздикӣ ба Қатар сафар мекунад. Аз ҷузъиёти сафари қарибулвуқӯъи Навоз Шариф маълумот дода нашудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон ин маълумотро пас аз чанд рӯз дар ҳоле расонаӣ кард, ки иттиҳодияи афғонии ҳаракати «Толибон» изҳор дошт, ки дар гуфтушунидҳо ин иттиҳодияро танҳо «намояндагии сиёсӣ»-и он дар Қатар намояндагӣ карда метавонад.