Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дархости истеъфои вазири корҳои дохилии ин кишвар Мелис Турганбоевро қабул кард.
Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон имрӯз изҳор дошт, ки Қашқар Ҷунушалиев, ки қаблан ба ҳайси сардори Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъин шудааст.
Ҳамчунин сарвари давлати Қирғизистон дар бораи маъқул шуморидани номзадии Ҷунушалиев ба ин мансаб ба парлумон пешниҳод фиристодааст.
Дар мусоҳиба худи Турганбоев қайд кардааст, ки бо хоҳиши худаш дархости истеъфоро пешниҳод карда, даъват кардааст, ки дар ин тасмим ангезаи сиёсӣ наҷӯянд. «Ман истироҳат карданиам. Мансаби вазирӣ барои абадӣ ба ман дода нашудааст», – иброз доштааст Мелис Турганбоев.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, аз соли 2010 ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст. Ӯ 3 октябри соли 2014 вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъин шуда буд. То ин вақт муддати чор сол вазифаи муовини вазири корҳои дохилиро ба уҳда дошт.