Дар шаҳри Нитсаи Фаронса шоми рӯзи панҷшанбе амали террористӣ содир шуд.
Бино ба иттилои ВАО, шахсони номаълум бо автомашинаи боркаш издиҳоми мардуми дар соҳил сайругаштдоштаро рахна намуда, сипас аз силоҳ ба сӯи онҳо ба тирпарронӣ пардохтаанд.
Баъди ин миёни кормандони пулис ва афроди дохили автомашина тирпарронӣ сурат гирифта, ронандаи автомашина кушта шудааст.
Тибқи маълумот аз сарчашмаҳои гуногун, шумори қурбониёни ин ҳамла наздики 80 нафар ва осебдидагон беш аз 120 нафар арзёбӣ мешавад.