Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп мавқеи Маскав нисбат ба масъалаи Сурияро мавриди интиқод қарор дода, Русияро дар қатъи созишнома дар бораи созишу оштӣ гунаҳкор донист.
Зимни суханронӣ дар як ҷамъомад дар штати Аризона Трамп ба вазъ дар Шарқи Наздик ишора карда, изҳор намуд, ки Русия қарордод дар бораи созишу оштиро риоя накарда ва акнун Сурияро мавҷи тирпаррониву бомбафканӣ фаро гирифтааст. Ба ин кор ҳарчи зудтар хотима бахшидан зарур аст», – иброз доштааст ӯ.
Хабаргузории РБК менависад, ҳамчунин Трамп қайд кардааст, ки президенти Русия Владимир Путин «на президенти ИМА Барак Обама ва на номзад аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтонро ҳурмат намекунад».
Ёдрас мекунем, ки санаи 26 сентябр Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, бори нахуст дар як мунозираи доғи телевизионӣ дар бораи иқтисод ва сиёсати хориҷӣ баҳс карданд.