Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 10 октябр эълон кард, ки беш аз 33 ҳазор нафар аз мардуми Кундуз барои наҷот ёфтан аз ҳамлаҳои Толибон ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои давлатӣ, аз ин шаҳр гурехтаанд. Афроди гурӯҳи Толибон ҳафтаи гузашта аз чанд самт барои ишғоли шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз ҳамлаҳоро оғоз карданд, аммо бо муқовимати нерӯҳои давлатӣ рӯбарӯ шуданд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Дафтари ҳамоҳангсозии умури инсонии СММ эълон кардааст, ки фирориён аз ҷангҳои Кундуз ба таври фаврӣ ба ғизо ва доруворӣ ниёз доранд. Даниэл Мойлан, як масъули ин ниҳод дар сӯҳбати телефонӣ аз Кобул гуфтааст, ки "Созмони Милали Муттаҳид ба таври амиқ аз вазъи инсонӣ дар шаҳри Кундуз нигарон мебошад."
Вай илова кардааст, ки аз ҳашт рӯз ба ин тараф, сокинони шаҳри Кундуз ба таври маҳдуд ба обу барқ дастрасӣ дошта, онҳо гузоришҳое дар даст доранд, ки дар ин шаҳр миқдори ками ғизо боқӣ мондааст ва мардум бо душворӣ метавонанд маводи хӯрокворӣ пайдо кунанд.
Гуфта мешавад, нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти ҳавоии Амрико барои поксозии Кундуз бо душвориҳо рӯбарӯ ҳастанд, зеро афроди Толибон дар минтақаҳои аҳолинишин сангар гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати муҳоҷирати Афғонистон эълом кардааст, ки шумораи оворагони фирорӣ аз Кундуз эҳтимолан ба 100 ҳазор нафар хоҳад расид. Аксари фирориён аз Кундуз ба вилоятҳои ҳамҷавори Тахору Бағлон ва ҳамчунин Кобулу Бадахшон паноҳ бурдаанд.