Дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ собиқ нахуствазири Португалия Антониу Гутерриш Дабири кулли СММ таъин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии СММ хабар медиҳад.
Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерриш аз 1 январи соли 2017 бевосита ба иҷрои вазифа пардохта, ваколатҳояш дар ин мансаб 31 декабри соли 2021 ба итмом мерасанд. Собиқ нахуствазири Португалия 9-умин дабири кулли Сомзон буда, ҳамтои пешини ӯ – намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Пан Ги Мун аз соли 2007 сари ин мансаб қарор дошт.
Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерриш сиёсатмадори шинохтаи Португалия аст. Аз соли 1992 то соли 2002 ба ҳайси нахуствазири Португалия кор карда, аз соли 2005 ба сифати Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон фаъолият дошт ва ин мансабро соли 2015 тарк кард. Аз 7 апрели соли 2015 мушовири давлатии Португалия буд.
Нахуствазири пешини Португалия қаблан изҳор намуда буд, ки бо сари мансаб омадан ба ҳайси Дабири кулли СММ ният дорад, ки бо бюрократизатсия дар Созмон мубориза бурда, ба натиҷаҳои воқеӣ ноил гардад ва ҳамчунин ба фишорҳо аз берун муқовимат намояд.