spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Амалиёти озодкунии Мосул аз Давлати исломӣ оғоз шуд

Субҳи имрӯз, 17 октябр амалиёти пурсарусадои бозпасгирии Мосул – дувумин шаҳри бузурги Ироқ, оғоз шудааст. Ин шаҳр аз соли 2014 ба ин тараф дар ихтиёри гурӯҳи "Давлати исломӣ" қарор дорад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ дар як баёнияи телевизионӣ гуфтааст, ки "вақти пирӯзӣ фаро расид ва амалиёти озодсозии Мосул оғоз шудааст". Нахуствазири Ироқ, ки ҳини ин баёнияи телевизионӣ дар миёни шуморае аз афсарони баландпояи Ироқ дида мешуд, гуфт, "фармони оғози ин амалиёти пирӯзмандонаро додаам, то шуморо аз хушунат ва терроризм раҳо кунам."

Нахуствазири Ироқ таъкид кардааст, ки танҳо нерӯҳои давлатӣ "вориди шаҳр хоҳанд шуд". Ҳайдар Ибодӣ ҳамчунин гуфтааст, ки "нерӯҳое, ки раҳбарии амалиёти озодсозиро бар ӯҳда доранд, нерӯҳои шуҷои артиши Ироқ ва нерӯҳои пулиси миллӣ ҳастанд ва танҳо онҳо вориди шаҳр хоҳанд шуд."

Мосул дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангиёни "Давлат исломӣ" даромад ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ, ба шумор меравад."

Тибқи гузоришҳо, пешмаргаҳои курди Ироқ аз тарафи шарқи шаҳр ҳамла хоҳанд кард ва эътилоф ба раҳбарии Амрико аз замин ва ҳаво ба нерӯҳои низомии Ироқ кӯмак хоҳанд намуд. Ҳафтаи гузашта эътилоф бо раҳбарии Амрико гуфта буд, ки ҳамлаҳои худ ба пойгоҳҳои "Давлати исломӣ" дар шаҳри Мосулро бештар кардааст.

Мосул яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ва маркази вилояти Найнаво, дар шимоли он кишвар воқеъ мебошад. Ин шаҳр дар ҷараёни пешравиҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангиёни ин гурӯҳ даромад ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.

Дар ҳафтаҳои гузашта мақомҳои мухталиф чӣ дар Ироқ ва чӣ дар хориҷ дар мавриди амалиёти Мосул изҳори назар намуданд. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи шанбе гуфта буд, ки "Ироқ ба танҳоӣ наметавонад амалиёти озодсозии Мосулро пеш бибарад."

Нерӯҳои артиши Туркия ҳар ҳоли ҳозир дар пойгоҳе дар наздикии Мосул мустақар мебошанд. Масъалаи ҳузури артиши Туркия дар шимоли Ироқ боиси танишҳои лафзӣ миёни раҳбарони ду кишвар ва ихтилофҳои сиёсӣ миёни Бағдод ва Анқара шудааст.

Мақомҳои Арабистони Саудӣ ва Туркия ахиран ба таври муштарак мухолифати худро бо ҳузури ниманизомиёни шиа, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, дар амалиёти бозпасгирии Мосул, эълон карданд ва аз "ҷанги мазҳабӣ" ҳушдор доданд. Эрон дар вокуниш кишварҳои узви Шӯрои Халиҷи Форс ва Туркияро масъули вазъият дар Сурия ва Ироқ донистааст.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки нигарониҳоро ба миён овардааст, сарнавишти ғайринизомиёне мебошад, ки интизор меравад дар ҷараёни ин амалиёт овора шаванд. Созмонҳои кӯмакрасон ибрози нигаронӣ кардаанд, ки бар асари ин амалиёт ҳазорон нафар аз хонаву кошонаи худ фирор хоҳанд кард.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон пешбинӣ кардааст, ки наздик ба 700 ҳазор нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ дар шимоли Ироқ шаванд ва ниёз ба кӯмакҳои фаврӣ хоҳанд дошт. Бархе таҳлилҳо, шумораи паноҳандагони эҳтимолиро бештар аз ин пешбинӣ кардаанд.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...