spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Анҷоми мулоқоти раҳбарони «чаҳоргонаи нормандӣ» дар Берлин

Дар Берлин мулоқоти раҳбарони "чаҳоргонаи нормандӣ", ки дар он президентҳо Русия, Украина, Фаронса ва садри аъзами Олмон масоили ҳалли низоъ дар Донбассро баррасӣ карданд, ба поён расид.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Петр Порошенко, президенти Украина баъди анҷоми мулоқот иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо оиди сафарбар намудани маъмурони мусаллаҳи САҲА ба Донетск ва Луганск созиш кардаанд. "Роҳнамои ҷузъиёти иҷрои созишномаи Минскро бояд вазирони корҳои хориҷиии "чаҳоргонаи нормандӣ" моҳи ноябр тасдиқ кунанд", – афзудааст ӯ.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон баъди гуфтушуниди 6-соатӣ дар Берлин, ки ба нооромиҳои Сурия ва Украина бахшида шуда буд, гуфтааст, "чизи аҷибе ба даст наомад", аммо роҳнамоии нав ба ҳамаи ҷонибҳо имкон медиҳад, ки созишномаи Минскро ба иҷро расонанд.

Иштирокдорони гуфтушунид ҳамчунин созиш кардаанд, ки миёни ҷонибҳои даргир минтақаи дахлнопазир таъсис ва барои беҳбуди вазъи башардӯстона чора андешида шавад. "Ин гуна гуфтушунидҳо бояд ҳар чи зудтар идома ёбанд, то фурсат аз даст наравад", – афзудааст Меркел.

Порошенко қайд кардааст, ки "дар роҳнамои нав бояд иҷрои мунтазами қарордоди Минск ва кафолати амалӣ гардидани он зикр карда шавад". Ба гуфтаи Порошенко, тарафҳо низ созиш кардаанд, ки нерӯҳоро аз чор минтақаи нави хатти ҷанг дар Донбасс берун баранд.

"Афзоиши маъмурони мусаллаҳи САҲА дар шарқи Украина ба нозирон иҷозат медиҳад, ки бо худ силоҳ гиранд ва ба ҳамаи минтақаҳо дастрасӣ дошта бошанд", – илова кардааст президенти Украина.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...