Роҳнамои Guide to Sleeping in Airports рейтинги нави фурудгоҳҳои беҳтарин ва бадтарин дар соли 2016-ро таҳия намуд. Даҳгонаи беҳтарини фурудгоҳҳои ҷаҳон бар асоси назарсанҷӣ дар сомона тартиб дода шуд, ки дар он корбарон ба фурудгоҳҳо аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ намуданд.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти роҳнамои мазкур фурудгоҳи Чангии Сингапур беҳтарин дониста шуд, ки беш аз 10 сол пешсафи рейтинг аст.
Ба сегонаи беҳтарин фурудгоҳҳои Сеул ва Токио низ шомил гардиданд.
Фурудгоҳи «Ҷидда Шоҳ Абдулазиз» дар Арабистони Саудӣ ва Ҷуба дар Судони Ҷанубӣ, ҳамчунин Порт-Харкот дар Нигерия аз бадтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон эътироф карда шуданд.
Даҳгонаи беҳтарин фурудгоҳҳо дар ҷаҳон:
1. Фурудгоҳи Чанги дар Сингапур
2. Фурудгоҳи Инчхон дар Кореяи Ҷанубӣ
3. Фурудгоҳи Токио
4. Фурудгоҳи Тайпейи Тайван
5. Фурудгоҳи Мюнхен
6. Фурудгоҳи Осакаи Ҷопон
7. Фурудгоҳи Ванкувери Канада
8. Фурудгоҳи Хелсинки
9. Фурудгоҳи Таллин
10. Фурудгоҳи Сюрих