Бар асоси натиҷаи пешакии интихоботи Амрико Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо 140 раъй аз Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ пеш гузаштааст. Клинтон бино ба гузоришҳо 104 раъй ба даст овардааст. Барои пирӯзӣ дар интихоботи Амрико 270 овоз зарур аст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қаблан Ҳилларӣ Клинтон раъйи аксарият дар чандин иёлоти шарқӣ ва марказии Амрикоро ба даст оварда ва аз рақибаш Доналд Трамп, пеш гузашта буд. Доналд Трамп дар иёлоти Кентаки, Индиана, Каролинаи Ҷанубӣ ва Оклаҳома пирӯз шуд, вале ҳарду номзад мунтазири эълони натиҷаҳои интихобот аз иёлоти бузургтару сераҳолӣ ҳастанд. Аз ҷумла, Флорида, Оҳайо ва Каролинаи Шимолӣ барои номзадҳо бисёр муҳим аст.
Ҳамин тавр, раъйдиҳӣ барои интихоби президенти нави Амрико дар чандин иёлат ба поён расидааст ва то чанд соати дигар яке аз ду номзади аслӣ, яъне Ҳилларӣ Клинтон ё Доналд Трамп ба унвони 45-умин раиси ҷумҳур муаррифӣ хоҳад шуд. Баъди як маъракаи тарғиботии пуршӯру баҳс дар таърихи Амрико, 8 ноябр мардум барои интихоби раиси ҷумҳур ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Ду номзади аслӣ – Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ ва Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ – низ дар раъйдиҳӣ иштирок карданд.