Раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва ҳамсараш аз Шарбат Гул – зани афғони қаҳрамони маҷаллаи National Geographic, ки дар Покистон барои сохтакории санадҳо боздошт ва ахиран ихроҷ шуд, дар қасри президентӣ истиқбол карда, калиди як хонаро ба ин зани машҳури афғон тақдим карданд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар ин маросим Шарбат Гулро дард, мазлумият ва тасвири орзуҳои Афғонистон дониста ва гуфтааст, ки ин зан дар солҳои муҳоҷират ва ҷанг, тасвири кишвари ҷангзада ва муҳоҷирро ба ҷаҳон ба намоиш гузошт.
Шарбат Гул, зани афғоне, ки чопи акси ӯ дар 12-солагӣ рӯйи маҷаллаи National Geographic ба як намоди мондагор мубаддал шуда ва ӯро ба шӯҳрат расонда буд, баъди тақрибан ду ҳафтаи боздошт бо се духтару як писари хурдсолаш субҳи чоршанбеи 9 ноябяр аз Пешовар ба Афғонистон баргашт.
Шарбат Гул тақрибан ду ҳафта пеш бо иттиҳоми тақаллуби санадҳо дар Покистон боздошт шуд. Як сухангӯи ин идора гуфта буд, дар талоши боздошти се корманди Идораи сабти асноди шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, ки барои Шарбат Гул санадҳои қалбакӣ додаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ин зан дар моҳи апрели соли равон бо номи Шарбат Бибӣ дар шаҳри Пешовар дархости санади шиносоии покистонӣ карда буд.