Нашрияи фаронсавии Les Echos дар ҳамдастӣ бо сервиси махсуси Statista рейтинги сарони кишварҳои ҷаҳонро аз нигоҳи маоши баландтарин ба чоп расонид.
Гуфта мешавад, дар феҳрист маоши сарони кишварҳои бонуфузи ҷаҳон дар соли 2016 зикр гардида, даромадҳо аз дигар сарчашмаҳо ба инобат гирифта нашудааст.
Дар рейтинг маоши натанҳо президентҳо, балки пешвоёни сиёсӣ низ оварда шудааст, ки расман сарвари давлат набуда, вале дар қабули қарорҳои муҳим саҳми назаррас доранд. Ба ин васила дар рейтинг нахуствазирони Италия, Британияи Кабир, Канада ва Ҷопон зикр ёфтаанд.