Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Милан мардеро парронидаанд, ки ба ярмаркаи бахшида ба ҷашни Мавлуди Исои Масеҳ дар шаҳри Берлин гумонбар дониста мешавад. «Медуза» менависад, дар ин бора Reuters бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Бино ба маълумоти La Repubblica, ҳангоми тирпарронӣ мард «Оллоҳу акбар» фарёд карда, яке аз афсарони пулисро аз китфаш захмӣ кардааст. Ин ҳодиса шаби 23 декабр дар назди истгоҳи роҳи оҳан дар майдони 1 Май рух додааст.
Қаблан иттилоъ расида буд, ки шахси монанд ба гумонбар Анис Амриро дар Дания дидаанд.
Дар ҳамла ба ярмарка рӯзи 19 декабр дар Берлин шаҳрванди Тунис Анис Амрӣ гумонбар дониста мешавад. Тибқи фарзияи тафтишот, ӯ нахуст ба ронандаи лаҳистонӣ (полшагӣ) дарафтода, ӯро мекушад ва сипас автомашинаи бузурги боркашро сӯи издиҳоми мардум равона мекунад. Бар асари ин ҳамла 12 нафар ҳалок ва боз 48 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.