Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия эътилофи байналмилалии зери раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаро ба пуштибонӣ аз тундравон дар Ховари Миёна айбдор кард.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории Reuters, президенти Туркия гуфтааст, Анқара ҳатто дар ин бора далел низ дорад. "Акс ва наворҳое ҳастанд, ки кумаки эътилоф ба тундравонро тасдиқ мекунанд", – изҳор доштааст президенти Туркия.
Эрдуғон зикр кардааст, ки эътилоф дар мубориза бо ифротгароёни Ховари Миёна, аз ҷумла созмони террористии "Давлати исломӣ" масъулиятҳояшро иҷро намекунад.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия аз марти соли 2011 ба ин сӯ идома дошта, нерӯҳои ҳукуматӣ бо гуруҳҳои мусаллаҳи мухолиф меҷанганд. Эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА зидди ДИ ва артиши Туркия дар шимоли Сурия бо гуруҳҳои курд мубориза мебаранд.