Мақомоти пулиси Туркия ба гумони даст доштан дар ҳамла ба яке аз клубҳои шабона дар шаҳри Истанбул шаби Соли нави мелодӣ 12 нафарро ба ҳабс гирифта, ҷустуҷӯи ҳамлагар идома дорад.
Муовини нахуствазири Туркия Нуман Куртулмуш дар ин робита изҳор намудааст, ки мақомоти пулис изи ангуштон ва тасвири ҳамлагарро дар даст дошта, ояндаи наздик шахсияти ӯ маълум хоҳад шуд.
«Мо натанҳо дарёфти террористро интизорӣ дорем, балки ҳамчунин маълум карданием, ки ӯ бо чӣ касоне робита дошту дар ин амал ӯро ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни клуб киҳо дастгирӣ кардаанд», – гуфтааст Куртулмуш.
Ёдрас мекунем, ки шаби 1 январ як шахси номаълум дар яке клубҳои шабонаи шаҳри Истанбул ба тирпарронӣ пардохта, бар асари он 39 нафар ҳалок ва наздик 70 нафар бошандагони клуб ҷароҳат бардоштанд.
Пулиси Туркия акс ва навори видеоии ба ақидаи онҳо ҳамлагарро нашр намуда, васоити ахбори умуми туркӣ бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти пулис иттилоъ медиҳанд, ки аз эҳтимол дур нест, ки шахси ҳамлагар аз Ӯзбекистон ё Қирғизистон бошад.