Корманди полис Mавлут Мерт Олтинтош, ки шоми 19 декабр дар Анқара сафири Русияро дар Туркия кушта буд, ҳанӯз аз моҳи октябр дар бораи ӯ маълумот ҷамъоварӣ кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба агентии «ТАСС» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, коршиносон маълумоти компютери собиқ ҳамсояи Олтинтошро омӯхта, муайян намуданд, ки моҳи октябр ӯ дар бораи Андрей Карлов дар интернет борҳо маълумот ҷустааст. Аз ҷумла, наворҳоро бо иштироки сафири Россия тамошо кардааст.
Ёдрас мекунем, ки шоми 19 декабр дар Анқара сафири Россия дар Туркия Андрей Карлов зимни суханрониаш дар намоиши аксҳо «Россия аз нигоҳи туркҳо» кушта шуд. Кушандаи ӯ Мавлут Мерт Олтинтош дар ҷойи ҳодиса нобуд карда шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Россия ин ҳодисаро ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ намуд ва Кумитаи тафтишотии ин кишвар аз рӯи моддаи «Амали терроризми байналмилалӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кард.