Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ воҳиди таъиноти махсусеро ташкил медиҳанд, ки вазифаи асосии он аз байн бурдани пешвои Кореяи Шимолӣ Кин Чен Ин ва раҳбарияти ин давлат дар ҳолати ҷанг хоҳад буд.
Бино ба маълумоти «Медуза» бо такя ба агентии «Ренхап»-и Кореяи Ҷанубӣ, ин воҳид давоми соли 2017 ташкил шуда, ҳайати он аз 1 ё то 2 ҳазор нафар бо шумули низомиёни амрикоӣ иборат хоҳад буд ва амалиёти мазкурро Кореяи Ҷанубӣ роҳбарӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (Кореяи Шимолӣ) дар ҳолати ҷанг қарор доранд, чунки низоъи солҳои 1950-1953 танҳо бо оштишавӣ ба анҷом расида, миёни кишварҳо шартномаи сулҳ имзо нашудааст.
Кореяи Шимолӣ мунтазам ба ҳамсоякишвараш – Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА бо ҷанги ҳастаӣ (ядроӣ) таҳдид мекунад. Кореияи Шимолӣ дорои аслиҳаи ҳастаӣ буда, ҳамчунин дар ин кишвар дар самти муваффақ гардидан ба бунёди воситаҳои интиқол (расонанда)-и он низ фаъолона кору таҳқиқот роҳандозӣ шудаанд.