Дар шаҳри Ню-Йорк алайҳи президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп, ки имрӯз расман ба фаъолият оғоз мекунад, гирдиҳамоии эътирозии оммавӣ доир гардид.
Нашрияи Коммерсант дар ин робита менависад, дар ин гирдиҳамойӣ бо иштироки ҳазорон нафар мири шаҳри Ню-Йорк Билл Де Блазио, ҳамчунин актёрони маъруф Роберт Де Ниро, Марк Руффало, Алек Болдуин, овозхон Шер, коргардони кинои мустанад Майкл Мур ва дигарон ҳузур доштаанд.
Ба иттилои The Hollywood Reporter, Роберт Де Ниро зимни суханрониаш изҳор намудааст, ки Доналд Трампро «барои кишвар ва шаҳр намунаи бад мешуморад».
Ҳунармандро Алек Болдуини маъруф бо тақлидкориҳо дастгирӣ кардааст: «Трамп ва Пенс чунин мешуморанд, ки мо аз мубориза даст мекашем, вале сокинони Ню-Йорк ҳеҷ гоҳ ноумед намешаванд».
«Дар навбати худ коргардон Майкл Мур даъват кардааст, ки алайҳи президенти тозаинтихоб эътирози 100-рӯза гузаронида шавад», – менависад The Hill.
Чорабиниҳо ба мунсибати расман ба фаъолият оғоз кардани Доналд Трамп муддати се рӯз дар Вашингтон баргузор мешаванд. Барои таъмини амният дар ин чорабинӣ 3 ҳазор нафар кормандони пулис ва 5 ҳазор нафар хизматчиёни Гвардияи миллии ИМА сафарбар шудаанд.
Тибқи арзёбии газетаи Washington Post, маблағи хароҷот барои баргузор кардани маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб аз 175 то 200 млн. долларро ташкил дода метавонад.